Заминларзаи 5,1 балл Бушаҳр ва атрофи онро такон дод. Бино ба гузориши ИРНА-хабаргузории давлатии Эрон ин заминларза дар 50 километрии Нерӯгоҳи ҳастаии «Бушаҳр», дар ҷанубу ғарби Эрон рух дод.
Хадамоти геологии ИМА қувваи заминларзаро дар атрофи нерӯгоҳ 5,1 балл эълон кард. Аммо маркази заминларзаи Эрон гуфт, ки қувваи он ба 4,9 балл баробар буд.
Бушаҳр шаҳри бандарӣ дар маркази вилояти Бушаҳр, аз вилоятҳои ҷанубу ғарбии Эрон мебошад.
Дар бораи харобиҳо ва талафоти ҷонӣ гузориш дода нашудааст.
Нерӯгоҳи атомии Бушаҳр аввалин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар минтақаи Ховари Миёна ва худи Эрон мебошад.
Бунёди он соли 1975 оғоз шуда буд ва соли 2011 аввалин блоки он ба кор андохта шуд. Қисмати аслии ин нерӯгоҳ тибқи муоҳада бо Русия аз ҷониби ниҳодҳои зидахли Русия сохта шуд ва яке аз тарҳҳои баҳсбарангез маҳсуб мешавад.