Тӯфони тропикӣ дар ноҳияҳои соҳилии Бангладеш ва Ҳинд сабабгори ҳалокати 13 нафар шуд, садҳо хонаро вайрону валагор кард. Мақомот гуфтанд, ки ду миллион нафар хонаву кошонаи худро такр карданд ва ин шаби пурхатарро дар паногоҳҳо ба рӯз оварданд. Ин тӯфон бо як боди шадиде ҳамроҳ буд, ки бо суръати 120 километр дар як соат мевазид. Боди сахт садҳо хонаро валангор кард ва даҳҳо танро захмӣ намуд.
Дар Банглодеш 5 ё 6 нафар бар асари афтодани дарахтон ҷон доданд. Мақомоти ду кишвар ахиран эълон карданд, ки тӯфон ҳоло тадриҷан фурӯ нишастааст ва шамол ҳам аз вазиши бошиддат бозистодааст.
Ҳинд хабар дод, ки дар иёлоти Банголи ғарбии ин кишвар ҳафт нафар бар асари ин тӯфон кушта шуданд.
Тибқи хабари расида аз Банглодеш эҳтимол меравад. 30 сарнишини ду қоиқи моҳигирӣ, ки то ҳол аз сарнавишташон иттило нест, ҳалок шуда бошанд.
Гуфтанист, ки соҳили пасти Банглодеш дар аксар мавридҳо ба хатари тӯфонҳои маргбор рӯ ба рӯ мешавад. Аммо ин кишвар зарфи чанд соли охир бо муваффақият аз омори куштаҳои ин ҳодисаҳо костааст. Тадбирҳои андешида барои коҳиши хатари офатҳо ва барномаҳои густардаи ҳукумати Банлодеш муфид арзёбӣ шудаанд.