Эҳтимоли аз байн рафтани бахше аз як пиряхи бузурги Аврупо афзудааст

Дар пайи ҳушдори коршиносон дар бораи эҳтимоли нобуд шудани бахше аз як пирях дар кӯҳҳои Монблани Италия роҳҳои атрофро баста ва паногоҳҳо ва кулбаҳои кӯҳистониёнро холӣ кардааст. Мақомотҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин минтақа бо хатари ҷудо шудани ҳудуди 250 ҳазор метри муккааби ях аз пиряхи Планпине рӯ ба рӯ ба хатар аст.

Шаҳрдори шаҳри Курмайер дар наздикии ин қулла мегӯяд гармоиши замин боиси тағйироти шароит дар манотиқи кӯҳистонӣ шудааст. Баландтарин қуллаҳо дар ғарби Аврупо рӯи риштакӯҳи Монблан шомили 15 қулла бо болоравии беш аз чаҳор ҳазор метр дар кишварҳои Фаронса ва Италия аст, ки солона садҳо ҳазор сайёҳон ба ин минтақа сафар мекунанд.

Рӯзи сешанбе шаҳрдори Курмайер дастури бастани роҳҳо дар минтақае воқеъ дар бахши Италиявии Монбланро содир кард.

Пеш аз ин коршиносон ҳушдор дода буданд, ки бахше аз пиряхи Планпине дар ҳоли об шудан бо суръати 50 то 60 сантиметр дар рӯз ва лағжиш ва ҷудо шудан аз баданаи пиряхи асосӣ мебошад.

Ин шаҳрдор дар идомаи суханрониаш гуфт, ки хатаре гардишгарон ва сокинонро таҳдид намекунад, аммо паноҳгоҳҳои кӯҳистонӣ ба унвони иқдоми эҳтиётӣ холӣ карда мешаванд.

Вай боз гуфт: Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки чӣ тавр кӯҳистонҳо дар ҳоли тай кардани  даврае аз тағйир ба далели омилҳои иқлимӣ ҳастанд ва ба ҳамин далел бисёр осебпазир шудаанд.

Коршиносони  маҳаллӣ мегӯянд пешбинии замони дақиқи аз байн рафтани  ин кӯҳи яхӣ, ки ҳоло дар ҳоли ҷудо шудан аст, мумкин нест. Пажӯҳишгарон аз соли 2013 суръати об шудани яхҳои пиряхи Планпинеро зери назар доранд.

Чанде пеш даҳҳо нафар дар як маросими азодории рамзӣ барои яханбори дигар дар шимолу шарқи Шветсия ширкат карданд, ки тақрибан ба таври комил аз байн меравад.

барчасп: