Сарони кишварҳои гурӯҳи ҳафт барои муқобила бо оташсӯзиҳои Амазонка 22 миллион доллар ҷудо мекунанд

Роҳбарони ҳафт кишвари саноатии олам дар охирин нишасти худ дар Фаронса  бо ироаи кумакҳои тоддиву техникӣ барои муқобила бо оташсӯзиҳои ҷангалҳои гармсери Амазонка мувофиқат карданд. Эмануэл Макрон - президенти Фаронса гуфтааст, ки кишварҳои гурӯҳи ҳафт 22 миллион доллар дар ихтиёри ин амалиёт қарор хоҳанд дод.

Макрон дар шарҳи тасмими кумакҳо гуфтааст, ки ин миқдор асосан барои таъмини ҳазина парвози ҳавопаймоҳои оташнишонии “Фуро” пардохт  хоҳад шуд.  

Аммо Жоир Болсонару-президенти Бразилия аз тарҳи пеҳниҳоди нохуш шудааст ва гуфтааст, ки “тарҳи ҷаноби Макрон барои наҷоти Амазонка ин бардоштро эҷод мекунад, ки гӯё Бразилия як мустаъмара ё минтақаи берун аз назорат бошад”. Вай дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст, ки “ҳокимияти миллии Бразилия бояд муҳтарам шумурда шавад”. Ба гуфтаи вай Бразилия ва Колумбия барои эҷоди як тарҳи муштараки муқобили бо ин оташсӯзӣ гуфтугӯ кардаанд. Созмони ҳавонавардии  Бразилия қаблан эълон карда буд, ки ҳамакнун оташсӯзиҳои густардаву бесобиқае дар Бразилия дар ҷараён аст ва қисмати бештари он дар минтақаи Амазонка рух медиҳад. 

Маврид ба ёдоварист, ки Созмони таҳқиқоти фазоии Бразилия ахиран эълон карда буд, ки  ҷангалҳои боронии ин кишвар дар соли ҷорӣ шоҳиди  шумори бесобиқае аз оташсӯзиҳо будааст. Ин муассисаи миллӣ гуфтааст, ки додаҳои моҳворавиаш нишондиҳандаи афзоиши 82 дарсади  оташсӯзиҳо нисбат соли 2018 аст. Дуди ин оташсӯзиҳо бо вазиши бод аз фосилаи  2700 километр дар рӯзи душанбе ба Сан – Паулу (калонтарин шаҳр дар Амрикои Ҷанубӣ) расид ва осмони шаҳрро барои соате тира кард.

Ин омор чанд ҳафта пас аз он мунташир шуд, ки Раиси ҷумҳури Бразилия сарвари ин созмонро ба далели низоъе сари оморҳои ҷангалзудоӣ барканор кард. Фаъолони муҳити зист Жоир Болсонару - раиси ҷумҳури ростгарои Бразилияро гунаҳгор медонанд ва мегӯянд вай ширкатҳои чуббуррӣ ва кишоварзонро ба баҳрабардории беш аз ҳадди ҷангалҳо ташвиқ мекунад. 

Муассисаи таҳқиқоти фазоӣ гуфтааст, ки беш аз 72 ҳазор мавриди оташсӯзиро дар байни ду моҳи ахир ба қайд гирифтааст, ки болотарин рақам аз соли 2012 аст. Ин муассиса гуфтааст беш аз 9500 оташсӯзиро аз рӯзи папнҷшанбе ба ин тараф мушоҳида кардааст, ки қисмати бештари он дар минтақаи Амазонка мебошад.

 Амазонка чун бузургтарин ҷангали боронхез яке аз сарчашмаҳои аслии ҷазби карбон аст, ки раванди гармоиши заминро оҳиста мекунад. Давлатҳои қаблии Бразилия тайи як даҳаи гузашта муваффақ ба коҳиши ҷангалзудоӣ шуда буданд.

Моҳе пеш Жоир Болсонару мудири муассисаи таҳқиқоти фазоиро ба дурӯғгӯӣ дар мавриди нобудшавии ҷангалҳои Амазонка ва талош барои заъфи давлат муттаҳам кард. Ин кор замоне сурат гирифт, ки ин созмон натиҷаи таҳқиқеро мунташир кард, ки  нишондиҳандаи афзоиши 88 дарсад раванди ҷангалсӯзӣ дар моҳи июл дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли пеш буд.

Ин созмон қаблан пофишорӣ карда буд, ки  натиҷаи таҳқиқоташ 95 дарсад дақиқ аст ва чанд муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи улуми Бразилия аз боэътимод будани  омори ин таҳқиқот ҳимоят карда буданд. 

барчасп: