Ҳушдор: Ҳаждаҳ моҳ муҳлат барои наҷоти кураи Замин

Оташсӯзии ҷангалҳо,  гармои бесобиқа ва хушксолӣ: донишмандон ҳушдор додаанд, ки шароит сахттар хоҳад шуд ва ҳатто агар тавофуқномаи иқлимии Порис ба таври комил риоят шавад, наметавон аз афзоиши гармои замин ва боло рафтани оби дарёҳо пешгирӣ кард.

Дар ҳоли ҳозир ба таври фазояндае назари умум ин аст, ки  дар миёни чолишҳои зистмуҳитӣ барои муқобила бо буҳрони гармоиши замин 18 моҳи оянда аҳамияти ҳаётӣ дорад. Соли гузашта  Intergovernmental Panel (IPCC) – ҳайати байнидавлатӣ барои тағйироти обу ҳаво гузориш дод барои ин ки  дараҷаи ҳарорати кураи Замин дар қарни ҷорӣ бештар аз якуним дараҷа афзоиш наёбад, бояд то соли 2030 тавлиди деоксиди карбон 45 дарсад коҳиш ёбад.  Аммо акнун коршиносон ба ин натиҷа расиданд, ки  барои ин коҳиш бояд то қабл аз поёни соли ояндаи милодӣ иқдомоти қотеъи сиёсӣ ба амал ояд.

Яке аз баландпоятарин донишмандони ҷаҳон дар заминаи тағйироти иқлимӣ дар як суханрони дар соли 2017 сареҳан ҳушдор дод, ки соли 2020 зарбулаҷали ҷилавгирӣ аз гармоиши беш аз андозаи Замин аст. Ҳонс Йоҳим Шеллнхубер -мутахассиси институти тағйироти обу ҳавои Потсдами Олмон гуфт: “Ҳисоби иқлимӣ комилан  рушан аст: агарчӣ наметавон (гармоиши) дунёро дар тӯли чанд соли оянда дармон кард, вале дар асари ғафлан мумкин аст то соли 2020 ҷароҳати муҳлике ба дунё ворид шавад”.  Ин ки поёни соли 2020 охирин имкон барои назорати обу ҳавост, рӯз ба рӯз бештар эҳсос мешавад.

Шоҳзода Чарз – валиаҳди Британия ахиран тайи суханронӣ дар зиёфате барои вазирони умури хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт: “Назари қотеъи ман ин аст, ки 18 моҳи оянда нишон хоҳад дод тавоноии мо барои нигоҳ доштани тағйироти иқлимӣ дар сатҳе, ки бақои моро имконпазир созад ва низ баргардондани табиат ба тавозуни лозим, то чӣ андоза аст”.

Аз моҳи декабри соли 2015, ки мувофиқатномаи ҷаҳонии тағйироти иқлимӣ дар Порис имзо шуд, музокиракунандагон бештар вақти худро сарфи баҳс дар бораи қоидаҳо ва муқаррароти ин мувофиқатнома карданд. Кишварҳои қавл доданд то поёни соли 2020 барномаҳои худро барои коҳиши тавлиди диоксиди карбон беҳбуд бахшанд.

Гузориши соли гузашта дар заминаи тағйироти иқлим мунташир шуд, ки дар он омада буд барои ин ки афзоиши гармои Замин  камтар аз якуним дараҷа бошад, бояд тавлиди диоксиди карбонро то соли 2020 поин овард. Барномаҳои кунунӣ кофӣ нестанд, то битавон дамои ҳаворо ба зери он чи ки сатҳи амн хонда шуда, расонанд. 

Дар вазъияти кунунӣ метавон гуфт, ки то соли 2100 афзоиши дамои ҳаво 3 дараҷа хоҳад буд, на 1,5 дараҷа. Аз он ҷо, ки муддати барномарези кишварҳо маъмулан барои 5 то 10 сол аст, агар қарор бошад барномаи 45 дарсад коҳиши тавлиди диоксиди карбон то соли 2030 ба натиҷа бирасад, бояд ин барномаҳо то поёни соли 2020 омода шуда бошанд.

 

Иқдомҳои баъдӣ

Аввалин мушкили дорои аҳамият ҷаласаи вижаи шароити обу ҳаво аст. Ки бо даъвати Антонио Гутериш-Дабири кулли СММ 23 сентябр дар Ню-Йрк доир хоҳад шуд. Ҷаноби Гуттериш гуфтааст, ки  мехоҳад танҳо кишварҳое дар ин ҷаласа ширкат кунанд, ки метавонанд пешниҳодҳои боарзиш барои беҳбуди барномаҳои миллиашон ҷиҳати коҳиши диоксиди карбон ироа диҳанд.

Ба дунболи ин иҷлос биступанҷумин Конфронси тағйироти иқлимӣ дар шаҳри Сантягои Чилӣ хоҳад буд, ки муҳимтарин дастоварди он эҳтимоли ҳифзи пешрафт дар ин росто хоҳад буд.

Вале интизории муҳим аз Конфронси бисту шашуми тағйироти иқлимӣ аст, ки дар поёни соли 2020 эҳтимол дар Британияи Кабӣир баргузор шавад.

Вале дар ростои коҳиши истихроҷи диоксиди карбон ва иқдомҳои шоиста ҷиҳати монеъ шудан ба гармои беш аз ҳадди интизор монеъаҳои дигари сиёсие ҳастанд, ки ба муносибати давлатҳо иртибот дорад ва ин худ мавзуъи алоҳидаи гуфтугӯст.

 

Ва дар Тоҷикистон

Тибқи мушоҳидаҳо, тайи 60 соли охир ба ҳисоби миёна ҳарорати солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба андозаи 1 дараҷа аз рӯйи Селсия баланд шудааст; теъдоди рӯзҳои сербориш зиёд гардидааст ва ҳодисаҳои ғайриодии гидрометеорологӣ бештару шадидтар рух медиҳанд. Фақат ба иллати офатҳои табиии имсола ба иқтисоди кишвари мо ба андозаи садҳо миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расид. Мутаассифона, онҳо ба талафоти ҷонӣ низ боис шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Бо истифода аз шабакаи

ҷаҳонии Интернет ва

бахусус аз ВВС.

 

Матолиби ҳамсон:

Пурхатартарин сатҳи радиатсионии олам кашф шуд

Пажӯҳиш: Гармои шадид ба ҳадди бесобиқа мерасад

Дараҷаи ҳарорати дунё дар моҳи июли имсол аз солҳои гузашта бештар буд

Афзоиши бесобиқаи оташсӯзӣ дар ҷангалҳои Амазонка

Идомаи оташсӯзиҳо дар Амазонка: Бразилия кумаки гурӯҳи ҳафтро рад кард

 

барчасп: