Идомаи оташсӯзиҳо дар Амазонка: Бразилия пешниҳоди кумаки гурӯҳи ҳафтро рад кард

Давлати Бразилия эълон кард, ки ба ҳеч ваҷҳ кумаки давлатҳои Гурӯҳи 7-ро дар муқобили бо оташсӯзиҳои бешазорони Амазонка нахоҳад пазируфт. Давлати Бразил гуфт, ки ба ин 22 миллион доллар эҳтиёҷ надорад. Бразилия мегӯяд ҳафт кишвари саноатии олам ҳоло дар талоши онанд, ки бо баҳонаи кумак ба оташсӯзӣ назорати ҷангалҳои Амазонкарда ба даст гиранд.

Ахиран роҳбарони ҳафт кишвари саноатии олам дар охирин нишасти худ дар Фаронса бо ироаи кумакҳои тоддиву техникӣ барои муқобила бо оташсӯзиҳои ҷангалҳои гармсери Амазонка мувофиқат карда буданд. Эмануэл Макрон - президенти Фаронса гуфта буд, ки кишварҳои гурӯҳи ҳафт 22 миллион доллар дар ихтиёри ин амалиёт қарор хоҳанд дод.

Макрон дар шарҳи тасмими кумакҳо гуфт, ки ин миқдор асосан барои таъмини ҳазинаи парвози ҳавопаймоҳои оташнишонии “Фуро” пардохт мешавад.

Аммо Жоир Болсонару-президенти Бразилия аз тарҳи пеҳниҳоди нохуш шудааст ва гуфтааст, ки “тарҳи ҷаноби Макрон барои наҷоти Амазонка ин бардоштро эҷод мекунад, ки гӯё Бразилия як мустаъмара ё минтақаи берун аз назорат бошад”. Вай дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст, ки “ҳокимияти миллии Бразилия бояд муҳтарам шумурда шавад”. Ба гуфтаи вай Бразилия ва Колумбия барои эҷоди як тарҳи муштараки муқобили бо ин оташсӯзӣ гуфтугӯ кардаанд. Созмони ҳавонавардии  Бразилия қаблан эълон карда буд, ки ҳамакнун оташсӯзиҳои густардаву бесобиқае дар Бразилия дар ҷараён аст ва қисмати бештари он дар минтақаи Амазонка рух медиҳад. 

 Созмони таҳқиқоти фазоии Бразилия ахиран эълон карда буд, ки  ҷангалҳои боронии ин кишвар дар соли ҷорӣ шоҳиди  шумори бесобиқае аз оташсӯзиҳо будааст. Ин муассисаи миллӣ гуфтааст, ки додаҳои моҳворавиаш нишондиҳандаи афзоиши 82 дарсади  оташсӯзиҳо нисбат соли 2018 аст. Дуди ин оташсӯзиҳо бо вазиши бод аз фосилаи  2700 километр дар рӯзи душанбе ба Сан – Паулу (калонтарин шаҳр дар Амрикои Ҷанубӣ) расид ва осмони шаҳрро барои соате тира кард.

 Моҳе пеш Жоир Болсонару мудири муассисаи таҳқиқоти фазоиро ба дурӯғгӯӣ дар мавриди нобудшавии ҷангалҳои Амазонка ва талош барои заъфи давлат муттаҳам кард. Ин кор замоне сурат гирифт, ки ин созмон натиҷаи таҳқиқеро мунташир кард, ки  нишондиҳандаи афзоиши 88 дарсад раванди ҷангалсӯзӣ дар моҳи июл дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли пеш буд.

Ин созмон қаблан пофишорӣ карда буд, ки  натиҷаи таҳқиқоташ 95 дарсад дақиқ аст ва чанд муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи улуми Бразилия аз боэътимод будани  омори ин таҳқиқот ҳимоят карда буданд. 

барчасп: