Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши СММ оид ба тағйири иқлим дар ҷараён аст. Дар остонаи ин ҳамоиш Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ гузориш мунташир кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: паёмадҳои тағйироти иқлимӣ дар панҷ соли охир шадидтар шудааст. Дар ин гузориш омада, ки аз соли 2014 то 2019, яъне аз замони оғози сабти гармо гармтарин давраи таърихӣ будааст. Боло омадани сатҳи оби дарёҳо дар ин давра шитоби бештаре гирифта, интишори газҳои гулхонаӣ ба сатҳи бесобиқа расидааст.
Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ мегӯяд бояд талошҳоро барои коҳиши истифода аз газҳои истихроҷшаванда шиддат дод.
Антонио Гуттериш – Дабири кулли СММ ба тозагӣ гуфт, ки тахриби муҳити зист бадтарин аст ва ба назар мерасад инсон дар ҳоли ҷанг бо сайёраи Замин аст.
Гузориши Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ бар пояи тозатарин кашфиёти илмҳои иқлимӣ дар бораи гармоиши замин таҳияи шудааст. Ин гузориш мегӯяд дар ҳоле ки аз замони инқилоби саноатии даҳаи 1850 милодӣ то кунун гармои ҷаҳон дар маҷмуъ 1,5 дараҷа боло рафта ва дар ин давраи беш аз якуним қарн наздик ба як панҷуми гармои ҳаво танҳо дар давраи кутоҳ – дар асри 21 рух додааст ва солҳои 2011 то 2015 ҷаҳон шоҳиди гармтарин рӯзҳо дар тобистон будааст.
Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ ҳушдор додааст, ки интишори газҳои гулхонаӣ дар панҷсолаи ахир нисбат ба панҷ соли қабл 20 дарсад болотар рафтааст.
Тибқи гузоришҳои дигар майдони ях дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ зимистон ҳар даҳсола 12 фоиз коҳиш меёбад.
Агар аз соли 1997 то 2006 сатҳи оби баҳр ба ҳисоби миёна 3 мм ҳар сол боло рафта бошад, дар даҳсолаи оянда ин рақам 4 мм-ро ташкил дод. Сабаби ин болоравии ҳарорати ҳаво ва об шудани пирёхҳо дар Гренландия ва Антарктидаи Ғарбӣ гуфта мешавад.
Аммо муҳимтарину тозатарин хабари ин ҳамоиш суханронии навраси шведӣ Грета Тунберг буд, ки дар муроҷиат ба роҳбарони ҷаҳон ба тундӣ онҳоро ба ноуҳдабароӣ дар мубориза бо тағйири иқлим гунаҳгор кард.
Грета Тунберг навҷавон аз Шветсия, ки зарфи чанд соли охир чун яке аз муборизон бар зидди тағйироти иқлимӣ ноб баровардааст, дар як суханронии пруҳарорат дар Маҷмаъи умумии СММ ба роҳбарони ҷаҳон муроҷиат кард ва онҳоро ба нокомӣ дар мубориза бар тағйири иқлим гунаҳгор донист. Вай гуфт: “Шумо моро аз кӯдакиҳоям маҳрум кардаед”.
Дар ин нишасти якрӯза 60 роҳбар аз кишварҳои олам ҳузур ёфтанд. Грета ба онҳо муроҷиат кард ва гуфт: “Ман набояд ин ҷо бошам. Ман бояд ҳоло он тарафи уқёнус дар мактаб саргарми таҳсил бошам. Дар муқобил шумо ба мо ҷавонҳо чашми умед дӯхтаед. Чӣ тавр рӯятон мешавад? Шарм намедоред? Мардум ҷонашонро аз даст медиҳанд. Экосистемҳо якҷо дар ҳоли фурӯ пошидан ҳастанд. Вале шумо танҳо метавонед аз рушди иқтисоду афзоиши пул ҳарф бизанед. Шарм намедоред”?
Грета Тунберг ҳамагӣ 16 сол дорад ва бо як заврақ аз уқёнус убур кардааст, то дар нишасти сарони ҷаҳон дар мавриди тағйироти иқлимӣ иштирок намояд. Вай дар нишаст аз роҳбарони олам даъват кард, ки фавран амал кунанд.
Грета боз гуфт: “Илм беш аз 30 сол аст, ки дар бора мегӯяд, аммо ҳеч таъсире надоштааст. Чӣ тавр ҷуръат мекунед ба ин мавзуъ пушт гардонед? Ин ҷо меоед ва мегӯед, ки талош мекунед, аммо ҳеч асаре аз сиёсатҳо ва роҳи ҳалҳои лозим ба чашм намерасад. Шумо мегӯед, ки садои моро мешунавед ва аз ҷиддияти мавзуъ хабар доред. Аммо сарфи назар аз андуҳу хашме, ки дучораш ҳастам, намехоҳам инро бовар кунам, зеро агар воқеъан ҳам авзоъро дарк мекунед, дар иқдом кардан нокомед. Дар он сурат бояд одамҳои палиде бошед ва ман намехоҳам ба ин бовар кунам”.