Тӯфони “Амели” дар Фаронса даҳҳо ҳазор хонаводаро аз нерӯи барқ маҳрум кард

Бино ба иттилои ВВС вазиши бод ва борандагии шадид дар соҳилҳои ғарбӣ ва ҷанубии Фаронса бар асари тӯфони “Амели” барқи даҳҳо ҳазор хонаро қатъ кардааст. Масъулини ширкати барқ гуфтаанд, ки қатъи нерӯи барқ асри рӯзи  якшанбе бар 55 ҳазор хона дар ғарби кишвар асар гузоштааст.

Шуморе аз вазоратхонаҳо ба далели шиддати бод ба ҳолати омодабош қарор гирифтаанд. Суръати бод дар бархе аз ноҳияҳо 163 километр дар як соат болотар рафтааст.

Бо афтодани дарахтон ва қатъи  кабелҳои барқ бар асари боди шадид созмонҳои имдодрасонӣ рӯзи якшанбе ба садҳо дархост кумак кардаанд. То кунун марги касе тайид нашудааст, вале ба гузориши хабаргузории Фаронса як зан баъди рониши замин нопадид шудааст.

Бино ба гузориши хабаргузории Фаронса дар айни замон бештар аз 2  ҳазор нафар барои барқарорсозии оқибатҳои тӯфон ва таъмини аҳолӣ ба барқ кор мекунанд. 

барчасп: