Дар танкери (киштии боркаш) “Халиҷи Амрико” дар мавзеъи Находка таркиш ба амал омад, ки бар асари он 3 нафар кушта шуданд. Дар ин бора “Интерфкс” истинодан ба маркази ҳамоҳангсозии наҷоти баҳрии Владивосток хабар дод.
Раёсати тафтишотии нақлиёти Шарқи Дури Федератсияи Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Гуфта мешавад, ки субҳи 2 ноябри соли равон дар киштӣ, ки дар димоғаи Астафев шино мекард, садои таркиш баланд шуд.
Дар айни замон аз ҳалокати ду нафар ва бенишон шудани як тани дигар иттилои дақиқ расидааст. Шумори куштаву захмишудагон дақиқан маълум нест.
“Интерфакс” дар идомаи хабар навиштааст, ки киштии “Халиҷи Амрико” замони таркиш бебор буд. “Киштӣ 12 сарнишин дошт, ки ду тани онҳо кушта шуданд ва як нафар бенишон гум шудааст. Вазъи кунунии киштӣ муътадил арзёбӣ шудааст ва ягон ҳодисаи фавқулодае онро таҳдид намекунад”, - омадааст дар хабар.
Киштии мазкур мутааллиқ ба ҶДМД “Наяда” будааст. Мақомот гуфтаанд, ки дар айни замон Кумитаи тафтишот ҳама асноди киштиро ба даст овардаву шоҳидонро бозпурсӣ мекунад.
Ташхиси судии бозрасии ҳолати инфиҷор ва иллатҳои он таъин ва ба кор шуруъ кардааст.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд ҳоло хабаре дар бораи сабабҳои инфиҷор дар даст надоранд, танҳо баъди анҷоми ташхису баррасӣ иттилои расмиро расонаӣ хоҳанд кард.