Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ
Чоп шуд: 09/01/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, дар рӯзҳои оянда низ дар қаламрави роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, бахусус дар километҳои 48 - 74 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандлон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.