Сабти 16 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз! КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 29/01/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дода буд, ки то 31 январи соли равон дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Чунончӣ, 28 январи соли равон соати 23: 00 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 57 то 63 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб 15 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
29 январ, соати 06:50 дақиқа дар километри 63 ҳамин роҳ боз як ҳодисаи лағзиши тарма сабт шуд.