Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Раёсати КҲФ дар ВМКБ

Ҳар соли 24-уми ноябр дар Ҷумҳури Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ қайд карда мешавад. Ба ин муносибати рӯзи 22-уми ноябр дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Дар ин нишаст роҳбарон ва ҳайати шахсии Раёсати КҲФ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок карданд. 

Муовини сардори Раёсати КҲФ дар ВМКБ полковник А.Файзуллозода бо сухани муқаддимавӣ ҳозиринро бо ид муборакбод намуда, таъкид кард, ки қабули Парчам дар таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносии мардум мусоидат намуд ва яке аз беҳтарин дастовардҳо, арзиши олӣ ва инчунин шаъну шарафи миллат аст.

Ҳамчунин, сарбозони дигар низ дар баромадҳои худ дар бораи аҳамияти ин рӯз суханронӣ карданд.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ моҳи ноябри соли 1992 тасвиб шуд. 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон шудааст.

 

барчасп: