Ҷашни Парчами давлатӣ дар Раёсати шаҳри Душанбе

22 ноябри соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи тантанавӣ бахшида Рӯзи парчами давлатӣ баргузор шуд.

Дар суханронии табрикотии худ мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Акмал Шодмон таъкид намуд, ки Парчами давлатӣ рамзи таърихи қадимаи халқи тоҷик аст ва яке аз рамзҳои муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ин як ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдорӣ буда, инъикоскунандаи мавҷудияти миллату давлат мебошад. 

Зимнан зикр гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон зери парчами ваҳдат, иттиҳод, ободиву созандагӣ тавонист дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ мавқеи сазовори худро ишғол намояд.  

«Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва минтақавӣ, инчунин дар назди сафорату консулгариҳои кишвари мо дар хориҷи кишвар чилвагар аст ва ин боиси ифтихори ҳар яки мост», - гуфт ӯ.  

барчасп: