23 ноябри соли 2024 дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани маркази тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимии КҲФ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз як мошини ёрии таъҷилӣ ва мошини ифшои минаҳо ва теъдоде аз таҷҳизоти вижа барои наҷотдиҳандагон ба истифода дода шуд. Мошинҳо ва таҷҳизот дар чаҳорчӯби лоиҳаи муштараки КҲФ, Бонки ҷаҳонӣ ва инчунин бо дастгирии шарикони рушд, аз қабили САҲА, ТИКА харидорӣ шудаанд.
Дар маросими тантанавӣ раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва раиси ҳукумати ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода иштирок доштанд.
Гуфтанист, ки сохтмони ин тамрингоҳ 19 январи соли 2021 расман оғоз шуда буд. Дар маросими оғози бунёди тамрингоҳ Раиси Кумита генерал Рустам Назарзода гуфта буд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо сатҳи дониши наҷотдиҳандагон ва омодагии онҳоро боло мебарад, балки ба басичии гурӯҳҳои имдод дар мубориза бо офатҳои табиӣ дар сатҳи минтақавӣ мусоидат хоҳад кард. "Кори муштарак ба мо имкон медиҳад, ки ба системаи умуиҷаҳонии вокуниши офатҳои табиӣ фаъолона ҳамроҳ шавем ва бо шарикони хориҷӣ самаранок ҳамкорӣ кунем, инчунин лоиҳаҳои якҷояро дар ин самт татбиқ намоем, ки ин бешубҳа ба чизи муҳимтарин - наҷоти ҳаёти инсон мусоидат мекунад”,-гуфта буд ӯ.
Ин тамрингоҳ дар дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав, дар майдони 28 гектар доман паҳн карда, аз биноҳои таълимӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ, ошхона, толори варзиш, инчунин маҷмааҳои таълимӣ-моделсозӣ иборат аст. Ҳама биноҳо ҷиҳозонида шуда, бо системаҳои гармидиҳӣ, неруи барқ таъмин ва гирду атрофи биноҳо кабудизор гардонда шуда, як манзараи дилфиребро пеши чашми бинанда падид меорад.
Тамрингоҳи миллӣ як маҷмааи беназири махсусест, ки бо дарназардошти хусусиятҳои минтақа ва талаботи муосир сохта шуд ва он омодагии ҳамаҷонибаи амалии гурӯҳҳои имдодро дар сатҳи баландтарин таъмин менамояд. Дар ин тамрингоҳ наҷотдиҳандагон моделҳои нави таҷҳизоти имдодро месанҷанд ва истифода аз онро пурра меомӯзанд.