21-уми ноябри соли 2024 бар асари боришоти шадид дар қитъаи роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ мегузарад, сел ва сангрезӣ ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ, соати 18:47 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 352-ум, ки аз ҳудуди деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб мегузарад, лою лойоба роҳро баст ва ҳаракати мошинҳоро ба ду самт номумкин кард.
Соати 19:47 дақиқа дар километри 356-уми ҳамин роҳ, дар ҳудуди деҳаи Мадраси ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб резиши санг ба қайд гирифта шуд, ки он низ роҳро ба рӯи мошинҳо баст.
Барои бартараф кардани паёмадҳои ин ду ҳодиса хадамоти роҳи ноҳия техникаи махсус ҷудо кард.
Дар айни замон барои тоза кардани роҳҳо талошҳо идома доранд.
Офоти табиӣ талафоти ҷониву хисороти дигар надоштанд.
КҲФ ёдовар мешавад, ки бино ба гузориши ҳавошиносон ҳавои номусоид то 24-уми ноябри дома мекунад ва хатари омадани селҳову резиши санг ва тарма аз эҳтимол дур нест.