Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олиро шуниданд

28 декабри соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳама воҳидҳои сохтории он, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шуниданд.

Тамринҳои омодагиҳои ҳарбӣ

Бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани ҳайати шахсӣ ба машқҳои тирпарронӣ ва машғулиятҳои омодагии ҳарбӣ, дар асоси фармоиши Раиси Кумита аз 12 декабри соли 2023 ва нақшаи чорабиниҳо «Оид ба ташкил ва гузаронидани машқҳои амалии тирпарронӣ  аз  силоҳи  оташфишони АКМ - 7,62 мм  бо ҳайати шахсии афсарону прапоршикон ва хизматчёни ҳарбии Дастгоҳи ...

Воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби техника ва воситаҳои техникии нав шуданд

Охири ҳафтаи гузашта бо мақсади беҳтар намудани базаи моддию техникии ҳамаи воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият доранд, маросими супоридани техникаи вазнин, техникаи махсус, воситаҳои шиноварӣ, телефонҳои маҳвораӣ, камераҳои наворбардорӣ, дастгоҳҳои аккосӣ, тахтаҳои электронӣ, таҷҳизоти тиббӣ баргузор шуд.

Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли лағзиши тарма!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ лағзиши тарма эҳтимол дорад.

Дар робита ба ин, КҲФ ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки дар...

Наҷоти шахсе, ки дар лифти бинои бисёрошёна дармонда буд

24 декабри соли 2023  соати 15:48 бо телефони «112» ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг заданд, ки дар кӯчаи Алишери  Навоӣ, бинои 58/18 лифт вайрон шудаву марде дар он дармондааст.

Барои расонидани кумаки фаврӣ ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

Страницы