Ду ҳодисаи нохуш дар кишвар бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ. Сокинон ба ҳушдорҳо тавваҷҷуҳ намекунанд!

Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва нодида гирифтани хабари тағйири обу ҳаво ва боронҳои шадид дар кишвар ду ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд.

Ҳодисаи аввал дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дод. Рӯзи 8 ноябри соли 2024 ба навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки як сокини 27-солаи деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба умқи 70 - метраи чоҳи кони металлургии Тоҷикистон ва Комбинати коркард сарозер шудааст.

Ин шаҳрванд дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Наҷотдиҳандагони КҲФ аз минтақаи Зарафшон ба ҷойи фоҷеа сафарбар шудаанд. Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба умқи чоҳ поин шуданд ва ҷасадро берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

КҲФ дар рӯзҳои ахир дар бораи паёмадҳои эҳтимолии боришот, бахусус дар манотиқи кӯҳӣ чанд тавсия дода буд. Аз шаҳрвандон даъват мешуд, ки дар ин рӯзҳо аз шикор, моҳидорӣ ва чорвочаронӣ дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Аммо, мутаассифона, на ҳама ба тавсияҳои мо гӯш доданд.

8 ноябри соли 2024, соати 07:00 ба вақти маҳаллӣ сокини 28-солаи деҳаи Сафеҷари ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ҳамроҳи дӯсташ оҳушикор ба кӯҳ рафтааст.

Ин сокин ҳангоми гузаштан аз пайроҳаи кӯҳӣ бар асари намии хок аз баландии тақрибан 400-500 метр, лағжида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дӯсти ҳамроҳаш инро дида, ба шӯъбаи КҲФ дар ноҳияи  Лахш занг зад. Кормандони шуъба ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ҷасади марҳумро берун оварда, ба наздиконашон супурданд.

Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат намуда, даъват мекунад, ки барои пешгирӣ аз паёмадҳои нохӯши обу ҳаво ба огоҳиву ҳушдорҳои Кумита таваҷҷуҳ кунанд.

 Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳамеша ба нафъи худи шумост!

КҲФ ҳамчунин аз сокинон даъват мекунад барои сари вақт огоҳӣ пайдо кардан аз вазъи обу ҳаво дар минтақаҳо ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода аз барномаи мобилии «SOS»-и КҲФ, ки осону ройгон дар телефонҳои ҳамроҳашон боргирӣ мешавад, истифода кунанд.

 

барчасп: