Комиссияи ҳолатҳои фавқулода зарари аз сел расида дар ноҳияи Тоҷикободро эълон кард

Чуноне хабар дода будем, 6 ноябри соли 2024 соати 22:20 дақиқа дар деҳаи Миразиёни ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи боришоти шадид ва рахна шудани пиряхҳо сел ба қайд гирифта шуд.

Бар асари офати табиӣ, оби гилолуд ба моликияти сокинони маҳаллӣ хисорот ворид кардааст. Аз ҷумла, гурӯҳи кории КҲФ ҳамроҳ бо Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Тоҷикобод муайян кард, ки сел ба 28 хонавода зарар расондааст. 

 Дар умум аз сел 2 бинои истиқоматӣ пурра, ду хона, 12 иншооти ёрирасон ва 12 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон қисман осеб диданд. Инчунин, 750 метр хатти интиқоли об, 6 пули байни деҳаҳо, 214 сар чорвои хурд ва 22 сар чорвои калон осеб диданд.

 Дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Тоҷикобод ҳаҷми хисороти расидаро арзёбӣ мекунад.

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: