Ҳашар дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб. Сокинон худро ба омадани селҳо аз қабл омода мекунанд
Чоп шуд: 03/05/2024 | redaktor
Як роҳи пурсамари таъмини амнияти шаҳрвандон аз хатари селу ярч сари вақт омода шудан ба он аст. Зарфи чанд рӯзи охир кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо аҳолии шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофи он ҳашар ташкил карданд ва дастаҷамъона ҷӯву заҳбурҳо, селроҳаҳо ва налҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву лойю сангу рег тоза карданд.