Заминларза дар Тоҷикистон

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 октябри соли 2024 соати 07:18 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази ин зилзила 450 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 17 километр ҷануби ноҳияи Мурғоби ВМКБ буд. Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 3 балл ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб 2 балл буд. Ин заминларза ҳеч талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

барчасп: