Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар чорабиниҳои Рӯзи дави миллӣ ширкат кард
Чоп шуд: 21/05/2018 | admin
Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Рӯзи дави миллӣ ширкат намуд.
Ҳамасола дар сар то сари кишвар рӯзи 20-уми май Рӯзи дави миллӣ мегузарад ва ин як анъанаест, ки таваҷҷӯҳи сокинонро ба варзиш ва саломатӣ бештар ҷалб мекунад.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бештар аз 100 кормандони ширкат карданд.
Кормандони КҲФ дар қатори ҳазорон нафар намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ саф кашиданд. Барояшон лозим омад 10 км масофаро даванд.