Пагоҳ ба поси хотири қурбониёни пули Генуя дар Италия мотами умумимиллӣ эълон шудааст

Рӯзи шанбе дар шаҳри Генуяи Италия маросими ба хок супурдани қурбониёни фоҷеаи рӯзи 14-уми август баргузор мешавад. Италия ин рӯзро рӯзи мотами умумимиллӣ эълон кардааст.

Бар асари фурӯ рехтани пули мошингузар дар шаҳри Генуяи Италия ҳудудан 40 нафар кушта шуданд. Ҳангоми фоҷеа дар болои ин пули дусадметра бештар аз 30 мошин дар ҳоли ҳаракат буд. Рӯзи панҷшанбе нахуствазири Италия Ҷузеппе Конте эълон кард, ки теъдоди ҳалокшудагон ба 38 нафар расидааст, 10 нафар бенишон гум шудаанд ва 15 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

Субҳи имрӯз ҳангоми тоза кардани пул дар анборҳои зери он сӯхтор ба амал омад. Сабаби он оташак аз бархӯрд ва соиши металҳо унвон шуд. Касе дар ин оташсӯзӣ зарар надид, чун биноҳои зери пул дар аввалин рӯзи ҳодиса тахлия шуда буданд. 

Гурӯҳҳоим наҷот ва ҷустуҷӯ кори шабонарӯзии поксозии пулро ба роҳ мондаанд.

Дар аввалин соатҳои фоҷеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандон бар асари фурӯ рафтани пули автомобилгард дар шаҳри Генуя боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Ҳамдардии самимии инҷонибро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

барчасп: