Дар доираи аввалин ҷаласаи байниидоравии коллегияи муштарки Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон генерал-майор В.Қулдошев аз кӯли Сарез дидан карданд.
Сардори Раёсати КҲФ оид ба масъалаҳои кӯли Сарез, полковник С.Маскаев ба меҳмони олимақом дар бораи таърихи пайдо шудани кӯл, дирӯз ва имрӯзи он, ҳамчунин дар бораи ноҳияҳои наздики он ва кори системаи огоҳии бармаҳал маълумот дод.
Баъди шиносоӣ бо ин дурдонаи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ меҳмони олиқадрро Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд гардид, ки об ин муҳимтарин ва аслитарин захира барои инсон аст ва ҳифзи он барои ояндаи наслҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Ин аст, ки Тоҷикистон бо доштани захираҳои зиёди об яке аз ташаббускорони байналмилалии роҳҳои ҳифзу сарфаи он аст.