Ғолибони озмуни нигоштаҳои беҳтарин дар мавзуъи коҳиши хатари офатҳо эълон шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни журналистон барои инъикоси масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо, ки ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офот бахшида шуда буд, ҷамъбаст гардид. Ташкилкунандаи озмун КҲФ буда, он бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ ва Хазинаи кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ шуд.

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гимназияи рақами 1 дар шаҳри Хуҷанд

Муҳтарам намояндагони аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд!
Устодону омӯзгорони гиромӣ ва фарзандони азиз!

Дар ҷараёни сафарҳои кории Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадани ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ далели таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватанамон мебошад.

Ҷаласаи Платформаи Миллӣ оид ба хатари офатҳои табиӣ

24 октябри соли 2018 таҳти раёсати  Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник  М.Салимзода  ҷаласаи Платформаи Миллӣ оид ба  коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид. 

Дар ҷаласа аъзоёни Платформаи Миллӣ – роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои кишвар, ҳамчунин сарварон ва

Аввалин ҷаласаи гурӯҳи РЕАКТ дар ВМКБ

Бо дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтеннат Р.Назарзода  таҳти раёсати Сардори Раёсати Кумита дар ВМКБ ва бо дастгирии Агентии Оғо Хон  оид ба макони зист аввалин  ҷаласаи Гурӯҳи вокуниши сареъ ва ҳамоҳангсозиҳо дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини  Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Имматшозода Анвар Имматшо, намояндагони вазоратҳо ва идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мекунанд, ширкат намуданд. 

ПАЁМАДИ ГУМРОҲӢ. БОЗ ЯК ИФРОТӢ БА ШАШ СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Солҳост, ки башарият ба тамоми забонҳо аъмоли ваҳшиёна, баду нангин ва фасодкоронаву ғайриинсонии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” -  ро, ки дар Ироқу Сурия  мардуми осоиштаро ба қатл расонда, занону кӯдаконро ба хоку хун кашидаанд, тавҳин менамояд. Манзараҳое мағшуш чун қатли модари хеш, даҳшатафканӣ, террору ифрот ва нобуд кардани осори гаронбаҳои тамаддуни инсоният ва ба харобазор

Страницы