Ғолибони озмуни нигоштаҳои беҳтарин дар мавзуъи коҳиши хатари офатҳо эълон шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни журналистон барои инъикоси масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо, ки ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офот бахшида шуда буд, ҷамъбаст гардид. Ташкилкунандаи озмун КҲФ буда, он бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ ва Хазинаи кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳандозӣ шуд.

Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-майор Рустам Шоҳиён рӯзноманигоронеро, ки сазовори ҷойҳои аввал шуданд, муборакбод карда, ба онҳо ҷоизаҳо ва диплом супурд. Ҳамчунин рӯзноманигоронро намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ табрик намуда, ҳамзамон муҳим  будани кори ВАО оид ба иттилоърасонӣ ба аҳолиро қайд карданд. 

Ба озмун 35 маводи электронӣ:  видео, аудио ва маводҳои интишоршуда дар шабакаҳои Интернет ворид шуд. Интихоби маводҳо барои ҷоиза ба уҳдаи Иттиҳоди журналистони кишвар вогузор шуда буд ва раиси ҳакамони озмун Зиннатулло Исмоилзода буд. 

Дар бахши “Беҳтарин гузориши телевизионӣ” Вера Исмоилова, сармуҳаррири ширкати телевизионии “МИР” ғолиб дониста шуд. Дар бахши “Гузориши хуби радиоӣ” ҷоиза насиби корманди радиои “Садои Душанбе” Сурайёи Шуҷоат шуд.

Саодат Раҳимӣ-намояндаи нашрияи “Азия-плюс” шоистаи ҷоиза дар бахши маводҳои беҳтарин дар рӯзномаҳо гардид. 

Ҳадафи баргузории озмун таблиғи фаъолиятҳо дар бахши коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишвар буд. Ҳамасола бар асари ҳодисаҳои фавқулодда, офатҳои табиӣ ва техногенӣ садҳо нафар зарар мебинанд. Аммо роҳандозии барномаҳои коҳиши хатари офатҳо имкон медиҳанд, ки одамон барои пешгирӣ аз офатҳо бештар омода бошанд. Ин гуна омодагиҳо ва омӯзишҳо муҷиби он мешаванд, ки хатари офот коҳиш ёбад.

Аз сӯйи дигар ташкилкунандагони озмун ҳадаф доштанд, ки ба аҳолӣ аз тариқи расонаҳои хабарӣ оид ба фоъолиятҳои КҲФ ва ҳамаи сохторҳое, ки шомили Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар мебошанд, иттилоъ расонанд.

барчасп: