Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби бинои нав бароии Маркази омӯзишӣ шуд
Чоп шуд: 03/10/2018 | adminМаркази омӯзишиву методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки як ниҳоди тозатаъсиси омӯзишист, бо бинои нав ва муҷаҳҳаз таъмин гардид. Ин бино дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Кумита сохта шуд ва маблағгузори он Маркази дастгирии ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ буд. Бинои сеошёна дар муддати як сол сохта шуд ва имрӯз маросими таҳвили он баргузор гардид.