Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов
Чоп шуд: 23/10/2018 | adminҲамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Пеш аз ҳама, мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов дар муддати се соли охир, яъне баъди мулоқоти мову шумо дар маросими ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг ба шарофати заҳмати аҳлонаи сокинони он хеле ободу зебо ва пешрафта гардидааст.