Activities calendar

15 октября 2018

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи нӯҳ моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст кард

Нӯҳ моҳи фаъолияти Кумита. Чӣ корҳое анҷом дода шуданд ва чӣ корҳое монда, ки анҷом бояд дода шаванд? Оё воҳидҳои Кумита ба мавсими зимистон омодаанд? Раёсатҳои дахлдор дар ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки дастоварду камбудиҳои 9 моҳро ҷамъбаст ва вазифаҳои навро барои оянда баршумурд, ҳисобот доданд.

 

Озмуни беҳтарин наққошиҳои атфол бахшида ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ба анҷом расид

Бахше аз чорабиниҳои  Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Боғи ба номи Алишери Навоӣ бо озмуни беҳтарин тасвири кӯдакону наврасон дар мавзӯъ ба поён расид. Атфол назари худро оид ба оқибатҳои фоҷеабори офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар нигораҳои худ иброз доштанд. Дида мешуд, ки ширкаткунандагон новобаста аз синну сол дар бораи ҳолатҳои фавқулодда тасаввурот доранд ва оқибатҳои мудҳиши онро ҳам дарк мекунанд. Ин аввалин озмуни тасвири атфол зарфи ин чанд соли охир буд ва тасмим гирифта шуд он ҳамасола доир карда шавад.