Нӯҳ моҳи фаъолияти Кумита. Чӣ корҳое анҷом дода шуданд ва чӣ корҳое монда, ки анҷом бояд дода шаванд? Оё воҳидҳои Кумита ба мавсими зимистон омодаанд? Раёсатҳои дахлдор дар ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки дастоварду камбудиҳои 9 моҳро ҷамъбаст ва вазифаҳои навро барои оянда баршумурд, ҳисобот доданд.
13 октябри соли 2018 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-лейтенант Р. Назарзода фаъолияти нуҳмоҳаи худ дар соли 2018-ро ҷамъбаст намуд.
Дар кори ҷаласаи мушовара роҳбарони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаҳои дастгоҳи Марказӣ ва раёсатҳои минтақавӣ, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбии КҲФ ширкат намуданд.
Масъалаи асосӣ дар ин ҷаласа баррасии вазъи омодагии ҳамаи воҳидҳои Кумита ва қисмҳои ҳарбии он ба зимистон буд. Дар ҳамин иртибот ҳисоботи роҳбарони Раёсати модию техникї, хўрокворї ва таъминоти наќлиёт, Раёсати сохтмон, истифодабарии бино ва иншоотњо, Раёсати молия ва иқтисод, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, Раёсати қӯшунҳо, Раёсати КҲФ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумита шунида шуданд.
Дар суханронии худ Раиси Кумита генерал-лейтенант Р.Назарзода зикр намуданд, ки яке аз вазифаҳои муҳим ва асосии давраи тирамоҳу зимистон идомаи роҳандозии корҳои пешигирикунандаи ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин ба анҷом расонидани омодагии воситаҳои техникӣ ба мавсими зимистон, бунёди захираҳои маводи сӯхт, озуқа ва доруворӣ мебошад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа Сарвари КҲФ дар бораи ҳадафҳои оянда сухан ронданд ва аз ҷумла ба муҳим будани иҷрои фармон ва дастурҳои Сарвари давлат, иҷрои бечунучарои ӯҳдадориҳои дар доираи Барномаҳои давлатии бар дӯши Кумита гузошташуда, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи босамари барномаҳои қаблан қабулшуда таъкид кард.
Раиси Кумита аз тобеъон риояи бечунучарои интизоми ҳарбиву хидматӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар корманди Кумита дар иҷрои уӯдадориҳои вазифавиро талаб намуд.