Бахше аз чорабиниҳои Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Боғи ба номи Алишери Навоӣ бо озмуни беҳтарин тасвири кӯдакону наврасон дар мавзӯъ ба поён расид. Атфол назари худро оид ба оқибатҳои фоҷеабори офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар нигораҳои худ иброз доштанд. Дида мешуд, ки ширкаткунандагон новобаста аз синну сол дар бораи ҳолатҳои фавқулодда тасаввурот доранд ва оқибатҳои мудҳиши онро ҳам дарк мекунанд. Ин аввалин озмуни тасвири атфол зарфи ин чанд соли охир буд ва тасмим гирифта шуд он ҳамасола доир карда шавад.
Дар доираи баргузории чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ) ва Барномаи озуцавории ыащонии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин тасвири кӯдакон баргузор кард.
Ин озмун дар Боғи ба номи Алишери Навоӣ сурат гирифт ва дар он қариб 100 нафар кӯдакону наврасони аз 8 то 16-сола ширкат намуданд. Дар расмҳои худ иштирокдорон аз фаъолиятҳои ҳамарӯзаи наҷотдиҳандагон, дидгоҳҳои худ дар бораи сӯхтор, ҳолатҳои фавқулоддаи гуногун, қоидаҳои амал дар офатҳои табиӣ ҳикоят карданд ва ҳама тасаввуроташон дар ин мавзуъҳоро дар қолаби расмҳои ҷолиб пешкаш намуданд.
Мебоист дар ин чорабинӣ ширкат мекард ва ифтихороти атфолро бо чашмони худ медид. Чеҳраи шукуфони ҳар кадомашон баёнгари он нукта буд, ки онҳо аз ин даъват хушҳоланд ва шод аз онанд, ки дар кори таблиғоти коҳиши хатари офатҳо бо расмҳову офаридаҳои худ ширкат карданд.
Ҳайати ҳакамон аз ҷумлаи кормандони Иттиҳоди рассомони кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иброз доштанд, ки кори атфол хеле ҷолибу диданӣ ва дидгоҳи онҳо доир ба мавзуъро пурра инъикос мекунад.
Ҳадафи аслии роҳандозии чорабинӣ ин маҳбубияти фарҳанги беҳдошту амният миёни насли наврас аст, ба таваҷҷӯҳи ҷомеа расонидани муҳим будани вазифаҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ ва бахусус миёни он бахши манотиқи кишвар, ки ба хатари эҳтимолии офатҳои табиӣ, экологӣ ва технологӣ рӯ ба рӯ мебошанд.
Дар поёни озмун ба ғолибон ва ширкаткунандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.