Ҷаласаи Платформаи Миллӣ оид ба хатари офатҳои табиӣ

24 октябри соли 2018 таҳти раёсати  Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник  М.Салимзода  ҷаласаи Платформаи Миллӣ оид ба  коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид. 

Дар ҷаласа аъзоёни Платформаи Миллӣ – роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои кишвар, ҳамчунин сарварон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи Миллӣ мебошанд, ширкат намуданд. 

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015 №833 “Дар бораи сохтор ва тартиби амали Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда” дар вазорату идораҳои кишвар баррарсӣ шуданд. 

Ҳамчунин ҳисобот оид ба чораҳои пешгирии сел, дар бораи мубориза бар зидди малах, оид ба наворҳои аэрокайҳонӣ дар бораи миқдори барф дар кӯҳҳо, натиҷаҳои омӯзишҳои муҳандисиву геологии қитъаҳои хатарноки ҷумҳурӣ, ахбор дар мавриди зараррасонҳо ва зарари онҳо ба бахши кишоварзӣ шунида шуданд. 

Ба ширкаткунандагон иттилоъ дар бораи пажӯҳишҳо ва корҳои илмӣ-амалӣ оид ба сохтмонҳои рӯизаминӣ, татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ахбор дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2018-2030 ироа гардид. 

Дар поёни ҷаласа миёни аъзоён ва ширкаткунандагони Платформаи Миллӣ оид ба масъалаҳои истифода самаровари воситаҳои ҷудокардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: