Вазъи роҳҳои кишвар то соати 09:30 18 январи соли 2019

КҲФ вазъи роҳҳо дар кишвар то соати 09:30 18 январи соли 2019-ро пешкаш мекунад:

Душанбе-Хуҷанд - БОЗ АСТ!

Душанбе-Кӯлоб  - БОЗ АСТ!

Кӯлоб – Қалъаи Хумб - БОЗ АСТ!

Ду куштаву як захмӣ ва як гумшуда бар асари тарма дар роҳҳои кишвар

Ҳангоми роҳандозии корҳои бартарафсозии офати табиӣ ва тоза кардани роҳҳо аз барфтӯдаҳо дар километри 32-уми роҳи мошингради Хоруғ-Ишкошим дар наздикии Барҷир боркаше, ки дар он кормандони Раёсати роҳи ВМКБ савор буданд, зери тарма монд. Дар натиҷа ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуд ва сокинони 64 ва 40-солаи ноҳияи Ишкошим ба ҳалокат расиданд. Ҷасади ин ду нафар ба хешовандонашон таслим карда шуд.  Сокини рустои  Ҳафтрӯди ноҳияи Панҷекати вилояти Суғд зери тарма монд ва талошҳо барои наҷоти вай идома доранд.

Инфиҷор дар болои боми факултаи донишгоҳе, ки дар он 22 ҳазор нафар таҳсил мекунанд

Бар асари як силсила таркишҳо дар Донишгоҳи Лиони Фароса се нафар захмӣ шудаанд. Наҷотдиҳандагон фавран ҳамаи бошандагони биноро аз маҳалли офат хориҷ карданд.   Хабаргузории Reuters навишт, ки ин таркиш дар боми кампус рух додааст. Тибқи хабарҳои фаврӣ дар ин инфиҷорҳо се тан зарар дидаанд. Твиттери донишгоҳ ахиран навишт, ки ин се тан захмҳои сабук бардоштанд ва ба саломатии онҳо таъсире

Маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оид ба ҳолати роҳҳои ҷумҳурӣ то соати 17:00-и рӯзи 16 январи соли 2019

Рӯзҳои 15-16 феврали соли 2019 боришоти пайваста дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб ва Рашт- Сангвор - Лахш – марзи Ҷумҳурии Қирғистон сабабгори лағзиши тарма шуданд. Аз ҷумла, дар километрҳои 334-344-363 ва 364 роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз, дар километри 462 роҳи ноҳияи Ванҷ, километрҳои 566-574 ноҳияи Рӯшон, 559-594 ноҳияи Шуғнон тарма фаромад.

Хатари барфу борони пуршиддат ва лағзиши тармаву санг рафъ нашудааст

Бориши барфу борон дар манотиқи мухталифи кишвар ҳамоно идома дорад. Хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ рафъ нашудааст. Муттаассифона, на ҳамаи сокинон ба ҳушдорҳои пайваста гӯш медиҳанд. Ҳамоно барои ҷамъоварии ҳезум ё шикор рафтаву ҷони худро дар хатар меандозанд. Рӯзи 20-уми январ дар кишвар ҳаво пурбориштар мешавад ва борону барфи омехта метавонанд ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро боз ҳам мушкилтар созанд.

Страницы