Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар миёни сокинони Кӯлоб дар бораи бехатарӣ дар вақти оббозӣ

Ҳавои софу гарм бачаҳо ва калонсолонро ба соҳили махзанҳои об мебарад. Вақте инсон барои истироҳат тасмим мегирад, лаби наҳре равад ва ё соҳили обанбору кӯлу канал, бояд дар бораи бехатариву амнияти худ бияндешад.

Кормандони Шуъбаи Кӯлоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон ҳар рӯз дар соҳилҳои махзанҳои об миёни мардум корҳои таблиғотӣ мебаранд. Онҳо ба сокинон мефаҳмонанд, ки омили аслие, ки ба вазъ таъсир мерасонад, худи инсон аст, ки баъзан ба имкониятҳои худ бештар хушбовар аст ва сатҳи хатарро наметавонад ба таври зарурӣ арзёбӣ кунад. 

Чунончӣ, 16-уми майи соли ҷорӣ кормандони Шуъба миёни сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамин гуна як кори таблиғотиро ба роҳ монданд. Ба онҳо қоидаҳои будубош дар назди махзанҳои обро фаҳмониданда, варақаҳои таблиғотӣ паҳн намуданд ва ҳамчунин, истифодаи таҷҳизоти наҷотро ҳам нишон доданд. 

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар суҳбатҳо бо мардум дар бораи хатарҳои эҳтимолии оббозӣ дар гармои тобистон сухан ронда, омори ғарқшудагон дар соли гузаштаро ёдрас карданд ва гуфтанд, ки инсон дар ҳар куҷо бошад, бояд аввал дар бораи бехатарии худ андешад.

Дар ин дидору мулоқотҳо ҳамчунин расонидани кумаки аввалия ба ғарқшудагон низ тамрин гардид.

 

барчасп: