Мулоқот бо ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 – уми майи соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ҳайат сардори Маркази ахбори экологӣ Гулрухсор Тиллоева ва сардори шуъбаи Назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера Саидисмон Судуров шомил буданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба ҳайат дар бораи рафти иҷрои “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020” маълумот доданд, ҳамчунин як силсила масъалаҳо дар самти ҳифзи муҳити атроф, экология ва тағйири иқлим баррасӣ шуданд. 

Ғайр аз ин ба тарбияи экологӣ, ҳамчунин унсурҳои таркибии он, аз қабили ташаккули системаи донишҳо дар бораи мушкилоти экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, ташаккули ангезаҳо, талабот ва одатҳои рафтори мақсадноки экологӣ ва фаъолиятҳо, тарзи ҳаёти солим, дар аҳолӣ инкишоф ёфтани талош ба фаъолиятҳои фаъол оид ба ҳифзи муҳити атроф диққат дода шуд.

Дар поёни мулоқот табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: