Тибки маълумоти Агентии ҳавошиносӣ шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, борони кўтоҳмуддат, шабона дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ) эҳтимоли баланд шудани сатҳи об пешгўӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии ҷумҳурӣ (бо истиснои ВМКБ) эщтимолан сел ояд. Сел худ як омили хатарнокест, ки аз аҳолӣ ҳушёриву зиракӣ ва эҳтиёт мехоҳад.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.
Ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред. Бахусус, нагузоред, ки бе раҳнамоии калонсолон ба кӯҳу пушта раванд.
Бо мақсади таъмини амнияту бехтарӣ КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу харӯбаҳо пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.
Кумита аз шаҳрвандон ва сокинони мамлакат хоҳиш мекунад ҳамеша дар ҷараёни хабарҳои КҲФ, ВКД, Вазорати нақлиёт бошанд. Сомонаи КҲФ ҳамеша шуморо бо ахбори дақиқ дар бораи вазъи роҳҳо, обу ҳаво таъмин мекунад, аз тариқи ин сомона шумо ҳамеша тавсияҳои муҳимеро дар мавриди ҳолатҳои ҷудогона пайдо карда метавонед, ки муфиданд.