Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Ҳамаи шумо ва ҳайатҳои ҳамроҳатонро ба диёри офтобии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.
Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад.
Албатта, таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.
Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад.
Дар ҳоли ҳозир амалҳои терроризми байналмилалӣ ва ифрогароӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандони оддӣ мегарданд.
Айни замон, падидаҳои терроризми байналмилалӣ ҳарчи бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст.
Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд.
Дар ин росто, масъалаи таҳкими иқтидори кишварҳо ва сохторҳои махсуси онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар мадди аввал қарор дорад.
Ғайр аз муборизаи мусаллаҳона бо терроризм ба ҳалли масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо сабаби асосии тундгароӣ шуда метавонад, таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир кард.
Дар ин ҷода ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла расонидани кумаки молию техникӣ ба кишварҳои дар мубориза бо терроризм осебпазир, мувофиқи мақсад мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба минтақаи мо бояд қайд кард, ки амалҳои гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари ҷиддӣ доранд.
Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рупӯш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд.
Вале дар асл мақсади онҳо дигар намудани сохти дунявии давлатдории кишварҳои минтақа буда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мекунанд.
Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст.
Мо ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем.
Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонумон ва гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд.
Хисороти умумӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил доданд.
Сарфи назар аз ин, Ҳукумати кишвар дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллиро ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд.
Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шурӯъ намоем.
Дар ин зимн онро ҳам таъкид карданиам, ки ҷиҳати расидан ба сулҳи фарогир мо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, ҳамчунин дигар шарикони байналмилалии худ ҳамкории фаъол доштем.
Пуштибонии мунтазами сиёсии онҳо аз муколамаи тоҷикон омили муҳими муваффақият дар ин роҳ буд.
Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва чандин кишварҳои дигар гувоҳ аст, ки барои гирифтани пеши роҳи терроризму ифротгароӣ бояд дар ҳамаи сатҳҳо чораҳои муассир андешида шаванд.
Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зидди ин зуҳуроти харобиовар тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд.
Дар робита ба ин қабл аз ҳама зарур аст, ки аз истифодаи “меъёрҳои дугона” дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро даст кашида шавад.
Террористро ба худиву бегона, ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад ҷудо намудан мумкин нест.
Аъмоли мудҳиши террористиву экстремистии вақтҳои охир, аз ҷумла дар Афғонистон, Зеландияи Нав ва Шри-Ланка, баръало нишон доданд, ки террористону ифротгароён ватану миллат, дину мазҳаб надоранд.
Барои онҳо ҳама гуна арзишҳои инсонӣ бегона буда, имрӯз ягон давлати дунё аз хавфи амалҳои террористӣ эмин буда наметавонад.
Зеро дар ҳоле ки одамон, маблағҳо ва ақидаҳо ба осонӣ аз сарҳадҳо убур карда метавонанд, терроризм ва ифротгароӣ барои тамоми кишварҳо ҳамчун хатари ҷиддӣ боқӣ мемонад.
Он ҳам боиси нигаронӣ аст, ки гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ, гумроҳсозии одамон ва ҷалби онҳо ба сафи худ васеъ истифода бурда, ба таври фосилавӣ татбиқи амалҳои харобиоварашонро омода ва идора менамоянд.
Мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро пайваста ба зурурати аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии терроризми байналмилалӣ ҷалб менамоем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ чораҳои ҳамаҷониба меандешад.
Тибқи қонунгузории амалкунандаи кишвар шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо даст кашида, ба Ватан бармегарданд, агар дар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Ҳамзамон барои ҳамгироии онҳо ба ҳаёти осоишта мусоидат карда мешавад.
Дар ин замина мо аз хориҷи кишвар зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони худро, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни террористиву ифротгаро, бахусус “Давлати исломӣ”, ба минтақаҳои “даргир”-и Ховари миёна рафта буданд, ба Ватан баргардонидем.
Аз ҷумла, дар охири моҳи апрели соли равон бо саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон 84 нафар кӯдакону ноболиғон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ рафта, дар онҷо бе парастору саробон монда буданд, ба Душанбе баргардонида шуданд.
Корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани дигар шаҳрвандони кишвар, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгаро гашта, дар минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, ҳамоно идома доранд.
Ҳамчунин мавриди таъкид аст, ки шумораи муайяни аъзои шабакаи байналмилалии террористӣ, аз ҷумла созмони ба ном “Давлати исломӣ”, бо мақсадҳои мушаххас ба қаламрави Афғонистон интиқол дода мешаванд.
Ҳамаи онҳо дар амалиёти террористӣ дар Сурияву Ироқ иштирок карда, таҷрибаи ҷангӣ пайдо кардаанд ва нақшаи бо шаклҳои нави усуливу сохторӣ ноором кардани фазои минтақаро доранд.
Дар чунин шароит мо тамоми чораҳои заруриро меандешем, то ки вазъ дар ин самт муътадил нигоҳ дошта шавад.
Тоҷикистон - ба ин хотир ва бо дарназардошти аҳаммияти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон барои амнияти тамоми минтақа - аз иқдому талошҳои созандаи Ҳукумати ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода комилан пуштибонӣ менамояд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари дӯсту бародар кӯшишҳои худро дар ин самт, аз ҷумла тавассути мусоидат ба рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон, идома хоҳад дод.
Дар робита ба ин бори дигар таъкид карданиам, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надошта, мушкилоти фақат Афғонистон ё минтақа нест, баръакс, хусусияти глобалӣ дорад.
Мо аз тамоми ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал меорем, ки иқдомҳои муштараку созандаи худро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба ба дарёфти роҳҳои сулҳомези қазияи Афғонистон тақвияти дучанд бахшанд.
Ҳозирини муҳтарам,
Тавсеаи майдони фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба сатҳи маблағгузорӣ ва дастгирии моддиву молиявии онҳо алоқамандии зич дошта, барои муқовимат нишон додан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо ва пиёда намудани ҳамлаҳои гуногуни ҷиноӣ заминаи кофии моддӣ фароҳам меорад.
Аз ин лиҳоз, мо ҷонибдории пурраи худро аз қатъномаи 2462 (соли 2019) Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳдидҳо ба сулҳу амнияти байналмилалии дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ зуҳуркунанда, пешгирӣ ва мубориза бо маблағгузории терроризм, ки 28 марти соли ҷорӣ қабул шуда буд, иброз медорем.
Дар ин зимн, мубориза ба муқобили маблағгузории терроризм яке аз роҳҳои муассири муқовимат бо он мебошад.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намуду шаклҳои маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидаанд.
Чуноне ки маълум аст, имрӯзҳо барои маблағгузории терроризм манбаъҳои гуногун, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши инсон ва қочоқи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истифода бурда мешаванд.
Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм мебошанд.
Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар давоми солҳои тӯлонӣ талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст.
Маҳз натиҷаи талошу иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид буд, ки соли 1999 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа таъсис дода шуд.
Сохтори мазкур имрӯзҳо дар доираи барномаву лоиҳаҳои марбута бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, бомуваффақият фаъолият менамояд.
Мо ҳанӯз соли 2013 Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои давраи то соли 2020 таҳия ва қабул кардем.
Ин санад бо барномаи амал ва самтҳои ҳамкории худ дар заминаи муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба хусусияти пешгирикунанда дорад.
Стратегияи мазкур бо дарназардошти ҳамбастагии зич миёни гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм ба бартараф намудани омилҳои ин зуҳурот дар ҷомеа равона шудааст.
Танҳо дар соли гузашта 67 амалиёти фаврӣ алайҳи қочоқбарон гузаронида шуд.
Тайи 20 соли сипаришуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зиёда аз 125 тонна маводи нашъаоварро аз муомилоти ғайриқонунӣ баровардаанд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи мунтазам андешидани чораҳои зарурӣ тайи солҳои охир қочоқи маводи нашъаовар тавассути Тоҷикистон коҳиш ёфта истодааст.
Чунончи, дар панҷ соли охир шумораи шаҳрвандони мо, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар хориҷи кишвар дастгир карда шудаанд, ба зиёда аз ду баробар ва миқдори мухаддироти аз онҳо мусодирашуда то шаш баробар кам шудааст.
Ин далелҳо аз фаъолияти судманди мақомоти дахлдори мо дар ин ҷода гувоҳӣ дода, бори дигар аҳаммияти таҳкими сарҳадоти давлатиро ҳамчун яке аз роҳҳои самарабахши муқовимат ба терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он таъкид мекунанд.
Дар баробари ин тақвияти раванди мубодилаи иттилоот, таҷриба ва ҳамоҳангӣ миёни мақомоти дахлдори кишварҳо, инчунин, расонидани мусоидат ба кишварҳое, ки дар саргаҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доранд, амри зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.
Ба назари мо, зарурати таъсисёбии гурӯҳи хоссаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои “Масири шимолӣ” бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷалби коршиносони марбута ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин масир ба миён омадааст.
Умедворем, ки иқдоми мазкур аз ҷониби шарикони мо мусбат арзёбӣ мегардад.
Мо дар ин росто, бо дарназардошти таҷрибаи андӯхтаамон дар роҳи мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, пешниҳод намудем, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони худ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай Маркази зиддимухаддиротии он дар шаҳри Душанбе таъсис ёбад.
Муҳтарам иштирокчиёни Конфронс!
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор мебошад.
Пӯшида нест, ки дар шароити кунунӣ ягон кишвари дунё наметавонад дар танҳоӣ бо зуҳуроти хатарбори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мубориза бурда, муваффақ гардад.
Ба ин манзур масъалаҳои муқовимати самарабахш ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон, киберҷиноятҳо, инчунин хариду фурӯши одамон ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доранд.
Ҳамкориҳои босамар дар ин самт бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои ҷудогона ба роҳ монда шудаанд.
Ин ҳамкориҳо имконият доданд, ки садҳо нафар аъзои созмонҳои террористӣ ошкор ва чандин амалҳои террористӣ пешгирӣ карда шаванд.
Ба андешаи мо, дар ин раванд Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он бояд нақши калидии ҳамоҳангсоз дошта бошанд.
Ҳамчунин, Стратегияи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм, конвенсияҳои зиддитеррористиву зиддимухаддиротии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумӣ, инчунин, тавсияҳои ФАТФ, яъне Гурӯҳи мақсаднок оид ба тадбирҳои молиявӣ, бояд заминаи муборизаи дастҷамъона алайҳи терроризм ва манбаъҳои маблағгузории онро ташкил диҳанд.
Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки оқибатҳои фоҷеабори терроризму ифротгароиро аз сар гузоронидааст, тайи солҳои зиёд дар самти муқовимат ба зуҳуроти мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст.
Дар ин раванд мо стратегияҳои миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои солҳои 2013-2020 қабул карда, дар марҳалаи баанҷомрасонии онҳо қарор дорем.
Ширкаткунандагони гиромӣ!
Мо итминон дорем, ки муқовимати самаранок ба таҳдидҳои муосири амниятӣ танҳо тавассути талошҳои муштараку ҳамоҳангшуда ва татбиқи чораҳои муназзам натиҷа ба бор меорад.
Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муттаҳид сохтани имкониятҳо дар доираи эътилофҳои зиддитеррористӣ ва зиддимухаддиротӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки метавонанд ба таъмини амнияту суботи фарогир мусоидати ҷиддӣ намоянд.
Ба манзури талошҳои бештар дар ин ҷода, инчунин, татбиқи муқаррароти дар Эъломияи Душанбе дарҷгардида мо нишасти имрӯзаро ҳамчун идомаи мантиқии ҳамоиши амниятии соли гузашта ва Конфронси сатҳи баланди роҳбарони ниҳодҳои зиддитеррористии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардида буд, доир намудем.
Итминон дорам, ки ҳамоиши имрӯза ҳамчун майдони муҳимми муколамаи фарогир ва табодули малакаву таҷрибаи пешқадам хизмат карда, меҳвари таваҷҷуҳ ва фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, ки барои таҳкими сулҳу оромӣ ва рушди устувор аз як дидгоҳ амал мекунанд, хоҳад гардид.
Муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ низ муттаҳидии давлатҳоро тақозо намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ истифода аз сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад, зеро чунин муносибат боиси тавсеаи доираи таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар шаклу усулҳои ғайримаъмулӣ мегардад.
Дар ин робита, таҳкими ҳамдастиву ҳамоҳангии хадамоту ниҳодҳои амниятиву махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои мо дар асоси ҳусни эътимод, ҳамчунин ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус ва беш аз пешро талаб менамояд.
Зимнан боз ҳам таъкид карданиам, ки Тоҷикистон дар самти муборизаи самарабахш бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ шарики табиии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор буд ва боқӣ мемонад.
Дар хотимаи суханронии худ мехоҳам бори дигар ташрифи шуморо ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, идомаи бобарори барномаи имрӯзаи кориатонро орзу намоям.
Саломату саодатманд бошед!