Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси омӯзишӣ оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои интиқоли одамон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ тибқи нақшаи мудофиаи гражданӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни ин омӯзиш ба ширкаткунадагон дар бораи ҳолати комиссияи эвакуатсионӣ, ташикил ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсионӣ, нуқтаи ҷойгикунии муваққатии зарардидагон дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ва нақши хизматчиёни ҳарбӣ дар ин самт маълумот доданд.
Ғайр аз ин ба хизматчиёни ҳарбӣ техника ва таҷҳизоти наҷоти Раёсати КҲФ дар Хатлон намоиш дода шуд.
Ҳамчунин қарор шуд, ки дар сурати болоравии ногаҳонии сатҳи об аз қувваҳо ва воситаҳои қисми ҳарбӣ барои интиқоли одамон ва зарадидагони вилоят ба ҷойи амн истифода шавад.