Боронҳои шадид, селу обхезиҳо, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо

Боронҳои шадиди баҳорӣ. Ва ба дунболи харобкориҳои сел дар Эрону Афғонистон навбат ба Тоҷикистон расид. Ба шиддат борид борон ва сокинон дар аксар маҳаллаҳо худ шоҳиди селҳои азим шуданд. Хушбахтона, ки беталафоти ҷониву хисорати бузург гузашт. Аммо ҳавошиносон то 10-уми апрел ҳамин гуна ҳавои серборишро пешгӯӣ мекунанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Наҷоти як духтари 19-сола, ки худро ғарқи дарёи Сир карда буд

5-уми апрели соли равон ба бахши навбатдории воҳиди вокуниши сареъи вилояти Суғд хабар расид, ки духтари ҷавоне мехоҳад худро ба дарёи Сир андозад. Дар як лаҳзаи кутоҳ наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ба онҳо муяссар гардид, ки духтарро аз об берун кашанд. Маълум шуд, ки ин духтар 19 сол дошта, сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд будааст.

То омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” наҷотдиҳандагон ба ҷабрдида ёрии аввалини тиббӣ расонданд ва баъдан ба бемористон интиқол дода шуд. 

СММ мегӯяд бар асари сел дар Афғонистон 80 нафар кушта ва 62 ҳазор нафар овора шудаанд

Бино ба хабари бахши ҳамоҳангии кумакҳои СММ сели ҷоришудаи ҳафтаи охир дар Афғонистон 80 нафарро ба ҳалокат расондаву 62 ҳазор танро дар шимоли ин кишвар овора кардааст. Рӯзҳои гузашта вилоятҳои Форёб, Сариаул, Ҷузҷон ва Балх дар шимол, Ҳирот ва Бодғис дар ғарби Афғонистон шоҳиди боришоти шадиди борон буданд, ки дар аксар мавридҳо он ба омадани сели азим меанҷомид.

Пизишки қонунии Эрон омори ниҳоии қурбониёни селро эълон кард

Рӯзи чаҳоршанбе, 3-уми апрели соли равон мақомоти пизишки қонунии Эрон (ташхиси судӣ) ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки то ин замон ҷасади 62 нафар ҷонбохтагони сели ахир ба марказҳои пизишки қонунӣ таҳвил шудаааст. Ин ниҳоди давлатии Эрон гуфт, ки ин 62 тан аз ҷумлаи қурбониёни сели ахир  дар саросари кишваранд.

Аз таркиши баллони газ дар як маросими гӯручӯб дар Чин 66 нафар зарар диданд

Бар асари таркиши газ дар рустои Кансюани вилояти Хэбейи Чин ҳаддиақал 66 нафар зарар дидаанд. Сабти видеоии ин рӯйдоди нохӯш ҳоло дар шабакаи  YouTube гардон аст. Хабар дода мешавад, ки баллони газ дар вақти анҷоми маросими гӯручӯб таркидааст. Бисёриҳо аз шиддати таркиш аз пой уфтоданд ва бар асари болои ҳам афтодану талоши фирор карданд, захм бардоштанд. Ҳолате ба миён омад, ки ҳамаро воҳима

Страницы