Пизишки қонунии Эрон омори ниҳоии қурбониёни селро эълон кард

Рӯзи чаҳоршанбе, 3-уми апрели соли равон мақомоти пизишки қонунии Эрон (ташхиси судӣ) ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки то ин замон ҷасади 62 нафар ҷонбохтагони сели ахир ба марказҳои пизишки қонунӣ таҳвил шудаааст. Ин ниҳоди давлатии Эрон гуфт, ки ин 62 тан аз ҷумлаи қурбониёни сели ахир  дар саросари кишваранд.

ВВС ба нақл аз мақомоти давлатии Эрон навиштааст, ки  пас аз чандин рӯзи борандагӣ ва ҷорӣ шудани сел талафот ва хисороти густарда дар бархе минтақаҳои Эрон ҳаво суботи нисбӣ ёфтааст. Ҳамзамон мақомоти давлатӣ ва низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамдигарро ба нотавонӣ дар иқдоми бамавқеъ барои имдодрасонӣ муттаҳам карданд.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки пойгоҳи иттилоотии давлатии ИРНА гузориш кард, ки пас аз чанд рӯзи борандагии сангин дар минтақаҳои ғарб ва ҷанубу ғарби Эрон ҳавои ин минтақаҳо суботи нисбӣ ёфтааст, вале ҳанӯз ҳам хавфи боронҳои шадид рафъ нашудааст.

Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки рӯзҳои таътили наврӯзӣ шумори зиёди сокинон аз минтақаҳои селзада дидан кардаанд ва ҳоло, ки ин таътилот ба анҷом мерасанд, дар садади бозгашт ба маконҳои худ мебошанд. Илова ба роҳҳои нақлиётӣ рафтуомади қатори Теҳрон ба ҷануби Эрон мутаваққиф шудааст ва мақомот аз мардум хостаанд, ки барои пас гирифани маблағи билетҳои харидашуда муроҷиат намоянд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон хабар додааст, ки аввалини кумакҳои ин созмон ҳоло ба вилояти Хузистон ворид шудааст, ки шомили масолеҳи сохтмон ва маводи хӯрокӣ аст. Ин миқдор кумакҳо тавассути як ҳавопаймои неруҳои ҳарбии ҳавоии Эрон ба минтақа фиристода шудааст.

Бино ба хабарҳои дигар теъдоде хаймаҳо ҳам ба ин вилоят ирсол шудаанд, вале ба далели харобии роҳҳо ҳанӯз ба ниёзмандон нарасидаанд.

барчасп: