Татбиқи чаҳор тарҳи ҳамкорӣ бо давлати Қатар оғоз шуд
Чоп шуд: 02/04/2019 | adminДар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ татбиқи амалии чаҳор лоиҳа миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар оғоз гардиданд.
Ин лоиҳаҳо ба ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони КҲФ, тавонмандиҳои техникии ташкили корҳои соҳилбандӣ равона шудаанд.