Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои номусоид то охири апрел боқӣ мемонад
Чоп шуд: 20/04/2019 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел боқӣ мемонад. Боронҳои селосо меборанд, бахусус дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат хавфи омадани сел ва лағзиши тарма зиёд аст.