Наҷоти як духтари 19-сола, ки худро ғарқи дарёи Сир карда буд
Чоп шуд: 05/04/2019 | admin5-уми апрели соли равон ба бахши навбатдории воҳиди вокуниши сареъи вилояти Суғд хабар расид, ки духтари ҷавоне мехоҳад худро ба дарёи Сир андозад. Дар як лаҳзаи кутоҳ наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ба онҳо муяссар гардид, ки духтарро аз об берун кашанд. Маълум шуд, ки ин духтар 19 сол дошта, сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд будааст.
То омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” наҷотдиҳандагон ба ҷабрдида ёрии аввалини тиббӣ расонданд ва баъдан ба бемористон интиқол дода шуд.