5-уми апрели соли равон ба бахши навбатдории воҳиди вокуниши сареъи вилояти Суғд хабар расид, ки духтари ҷавоне мехоҳад худро ба дарёи Сир андозад. Дар як лаҳзаи кутоҳ наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ба онҳо муяссар гардид, ки духтарро аз об берун кашанд. Маълум шуд, ки ин духтар 19 сол дошта, сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд будааст.
То омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” наҷотдиҳандагон ба ҷабрдида ёрии аввалини тиббӣ расонданд ва баъдан ба бемористон интиқол дода шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна ҳодисаҳо на аввалин бор аст, ки рух медиҳанд. Бар асари амали фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо нафар аз хатарҳои маргбор наҷот дода шудаанд. Аксари онҳо кумакҳои аввалияи тиббиро низ аз кормандони бахши наҷот дарёфт мекунанд.
Вале ҳаёт ба инсон як бор дода мешавад ва бояд ба қадри он расид. Худкушӣ роҳи наҷот аз мушкилот нест, балки бо ҳам будану чанг задан ба домани мушкилӣ онро рафъ мекунад.
Одамони атрофи мо баъзан танҳо мемонанд, бо ҳама андешаву гумонҳо миёни фавҷи одамон танҳоянд. Ин дурӣ аз ҳамсуҳбат ва надидани танҳоии ҳамнишинон сабабгори аслии рӯйдодҳои нохуш мешаванд.
Пас биёд, бо ҳам бошем, барои рафъи ҳар мушкил, бигзор вай иҷтимоӣ бошад ё ахлоқӣ бо ҳам талош кунем.