Мулоқоти генерал Назарзода ва Ҷон Марк Поммершайм дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 24/04/2019 | admin24 уми апрели соли равон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори тозатаъини ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Сарвари КҲФ ҷаноби Сафирро ба муносибати ин таъиноташ муборакбод намуд. Баъдан ба меҳмони олиқадр маълумоти муфассалеро дар бораи Кумита, сохторҳои он, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ироа кард.