Ҷаласаи вилоятии ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон
Чоп шуд: 10/04/2019 | adminДар вилояти Хатлон ҷаласаи вилоятии Комиссияи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ таҳти роҳбарии А.Қурбонзода – ҷонишини Раиси вилоят оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд. Дар ин ҷаласа аъзои комиссия, роҳбарони ноҳияҳо ва кормандони хадамоти гуногуни салоҳиятдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ширкат намуданд.