Боронҳои шадид, селу обхезиҳо, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо
Чоп шуд: 06/04/2019 | adminБоронҳои шадиди баҳорӣ. Ва ба дунболи харобкориҳои сел дар Эрону Афғонистон навбат ба Тоҷикистон расид. Ба шиддат борид борон ва сокинон дар аксар маҳаллаҳо худ шоҳиди селҳои азим шуданд. Хушбахтона, ки беталафоти ҷониву хисорати бузург гузашт. Аммо ҳавошиносон то 10-уми апрел ҳамин гуна ҳавои серборишро пешгӯӣ мекунанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!