Activities calendar

30 апрели 2019

Дар Суғд омодагӣ ба мавсими оббозӣ шуруъ шуд

Дуюмин моҳи баҳор ҳам сипарӣ шуд. Ин боронҳову ин ҳавои номусоид ҳам мегузарад ва мавсими дигар, гармои шадид оғоз мешавад. Гармо одамонро бештар ба тафреҳгоҳҳо мекашад ва қисми зиёди одамон бахусус рӯзҳои истироҳати худро дар соҳилҳои дарёҳо мегузаронанд ва ё лаби каналу обанборҳо менишинанд. Бояд шиногоҳҳо ва ин ҳама соҳилҳо аз қабл барои пазириши сокинон омода бошанд.

Ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ

30-уми апрели соли 2019 дар муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» таҳти сарварии Муовини Раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ - Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ширкати аъзои Платформаи миллӣ – роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин