Ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ

30-уми апрели соли 2019 дар муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» таҳти сарварии Муовини Раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ - Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ширкати аъзои Платформаи миллӣ – роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин сарварони ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки ба ҳайси нозирон ба шумор мераванд, ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳо оид ба татбиқи “Стратегияии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030”, ҳисобот оид ба чорабиниҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, оид ба наворбардории аэрокайҳонии миқдори барф дар кӯҳҳо, натиҷаҳои омӯзишҳои муҳандисиву геологии қитъаҳои хатарноки ҷумҳурӣ, дар бораи вазъи эпидемиологӣ дар ҶТ, ахбор дар мавриди ҳамоҳангсозиҳои муштарак дар самти пешгирии офатҳои табиӣ дар доираи гурӯҳи РЕАКТ баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин, фаъолияти барномаҳо ва лоиҳаҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо дар қаламрави гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла лоиҳаҳо бо Бонки рушди Осиё, бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи рушди СММ ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар поёни ҷаласа миёни аъзо ва ширкаткунандагони ҷаласаи Платформаи миллӣ дар масъалаҳои истифодаи босамари воситаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коҳиши хатари офатҳо ҷудо мекунад, табодули афкор сурат гирифт. Ҷаласа дар доираи лоиҳаи Барномаи СММ оид ба рушд, ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дастгирӣ мешавад, баргузор гашт.

Зикр кардан бомаврид аст, ки Платформаи миллӣ “Оид ба коҳиши хатари офатҳо” бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 марти соли 2012 қабул шуда буд.

барчасп: