Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатарҳои эҳтимолии боришоти нимаи дуюми моҳи апрел ҳушдор медиҳад
Чоп шуд: 09/04/2019 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои ноустувору боронӣ дар назар дошта шудааст, дар минтақаҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои пуршиддат вазъро ногувор месозанд.