Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои ноустувору боронӣ дар назар дошта шудааст, дар минтақаҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои пуршиддат вазъро ногувор месозанд.
Шиддати борон дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва ё теппаҳо боиси фарсоиши хок ва ҳаракати он мешавад, сатҳи об дар рӯдхона, обанборҳоро боло мебарад ва сабагори зарар дидани хати соҳили дарёҳо ва кӯлҳо мешавад. Бар асари боронҳои пуршиддат хавфи омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг меафзояд. Дар ин рӯзҳо рондани рамаҳо ба манотиқи кӯҳӣ ва ҷойҳо селрав хатари бештар дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия намедиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ба соҳили рӯдхонаҳо ва ё моҳидорӣ раванд. Кумита аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад бехатарии шахсии худро риоя кунанд, дар ин рӯзҳо ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо сайругашт, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар рустаниҳои дорувор нараванд. Бахусус, кӯдаконро бе назорат нагузоред ва ба ҳар амали онҳо бештар мутаваҷҷеҳ бошед.
КҲФ инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки барои эҳтиёт мӯзаҳои резинӣ дошта бошанд, ҳамеша бо худ телефонҳое, ки дорои алоқаи устувор ҳаст, нигоҳ доранд, дорухонаи хонаводагиро бо доруҳои зарурӣ таъмин намоянд.
Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад сари вақт чӯйборҳо ва обравҳои назди хонаҳои худро тоза нигоҳ доранд, то онҳо аз партовҳо тоза бошанд.
Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард ва ағбаҳо, КҲФ аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳаракати худ дар шабонгаҳонро ҷиҳати риояи бехтарӣ коҳиш диҳанд. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд, бахусус дар рӯзҳои боронӣ ва ҳавои торик суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд.
Кумита ба касоне, ки аз бемориҳои дил ранҷ мебаранд тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва доруҳои заруриро бо худ бигиранд.
Бояд ҳамеша дар ҷараёни эълонҳо ва ахбор аз КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёт бошанд.
Дар ҳоли ба вуҷуд омадани вазъи хатарнок бо рақами 112 ва ё бахши навбатдории КҲФ бо телефонҳои 93 880 28 19 ва 223 13 11 занг занед.